Қоидаҳои обуна ва пешниҳоди хизматрасонии «Tcell Music»
  1. Тавсифот оиди хизматрасонии «Tcell Music»
    Хизматрасонии «Tcell Music» ба Муштариёни Tcell дастрасӣ ба контенти мусиқӣ ва функсияҳои зеринро пешниҳод менамояд:
    • Давраи ва яккаратаи ройгон барои дастрасии ройгони 3 рӯзи аввал ба Хизматрасонии «Tcell Music» бе пардохти абонентӣ, барои ҳамаи Истифодабарандагони нав;
    • Шунидани трекҳои мусиқӣ ва албомҳои сарояндагони хориҷӣ ва тоҷик;
    • Имкони гӯш кардани мусиқии сабтшуда (аз ҷумла ҳангоми мавҷуд набудани дастрасӣ ба шабакаи Интернет);
    • Тавсияи мусиқӣ аз рӯи мусиқиҳои нав, албомҳо, плейлистҳо ва жанрҳо;
    • Имкони тартиб додани плейлисти худ;
    • Имкониятҳо: дар таваққуф гузоштан, тобдиҳӣ, ба мусиқии дигар гузаштан, паиҳамии шунидани мусиқӣ;
    • Дастрасӣ ба номи мусиқиҳои пешниҳодшаванда ва дастрас (номи мусиқӣ, сароянда, муқоваи албом)
  2. Пайваст намудан ва қатъгардонии Хадамоти «Tcell Music»
    1. Барои насб намудани Хадамоти «Tcell Music» ба Абонент инҳо лозиманд:
      1. Дастгоҳи абонентӣ;
      2. Пайвастшавии амалкунанда ба шабакаи Интернет бо суръати кафолатноки на пасттар аз 128 кб/с барои шунидани контенти мусиқӣ;
    2. Барои пайваст намудани Хадамот ба Абонент зарур аст, ки дар Хадамот бо роҳи ворид намудани Логин – рақами абонентӣ бо яке аз тарзҳои зерин бақайдгириро анҷом диҳад:

      - Дар web-портали https://music.tcell.tj/

      - Дар барномаи мобилии App Store ё Google Play

      - Бо USSD – тавассути фиристодани USSD фармони ройгони *1525# барои пайваст намудани обунаи ҳаррӯза.

    3. Хизмат дар шабакаи оператори мобилии ҶСП «Индиго Тоҷикистон» бо бренди Tcell пешниҳод мегардад.
    4. Қатъгардонии Хадамот бо яке аз тарзҳои зерин амалӣ шуда метавонад:
      • Бо USSD – тавассути фиристодани USSD фармони ройгони*1525*2#барои қатъгардонии обунаи ҳаррӯза.
  3. Хангоми истифодабарии хизматрасонии "Tcell Music" интернет-трафики он ройгон мебошад
  4. Ҳангоми пайдо шудани саволҳо оид ба Хизматрасонии «Tcell Music», Абонент барои машварат бо навиштани мактуб ба почтаи электронии ёрии техникӣ tcellmusic@tcell.tj ё дар вақти корӣ ба идора дар суроғаи зерин муроҷиат карда метавонад: 34, Rudaki Ave, Dushanbe, Tajikistan
  5. Дастгоҳҳои таъминкунандаи дастрасӣ:

    Хадамотро ба чунин дастгоҳҳои таъминкунандаи дастрасӣ насб намудан мумкин аст:

    - Смартфонҳо ва планшетҳо дар асоси Android (версияи 6+), бо насби Барномаи мобилӣ

    - Смартфонҳо ва планшетҳо дар асоси iOS (версия 11+), бо насби Барномаи мобилӣ

    - WEB дастрасии ҳамагуна версияи системаҳои амалиётии дар компютерҳои фардӣ насбшаванда (Windows, Mac OS, UNIX) ва интернет-браузерҳо: Chrome 61 ва аз он баландтар, Firefox 52 ва аз он баландтар, Opera 39 ва аз он баландтар, Internet Explorer 9 ва аз он баландтар, Edge 12 ва аз он баландтар, Safari 9 ва аз он баландтарро таъмин менамояд.

  6. Хизматрсонии Tcell Music барои муштариёне ки тарофаи Интернет 4G-и бемахдуд, ва ё опсияи Белимити шабонаи фаъол доранд, дастрас нест